Ба хубон меҳр варзидан чӣ кор аст?

Ба хубон меҳр варзидан чӣ кор аст?
Рухаш бин, варна маҳ дидан чӣ кор аст?

Бо ёди лаъли дилбар хуни дил нӯш,
Шароби лаъл нӯшидан чӣ кор аст?

Ба меҳри Юсуф аз ҷон қатъ кун, қатъ,
Ба теғе даст бибридан чӣ кор аст?

Гар орад ҷон ба лаб ошиқ дар ин кор,
Лаби маъшуқ бӯсидан чӣ кор аст?

Самоъ осон бувад бар сӯфии гарм,
Чу оташ ҳаст, ҷӯшидан чӣ кор аст?

Ба доман айби риндон пӯш, зоҳид,
Либоси зуҳд пӯшидан чӣ кор аст?

Камол, аз ҳар ду олам рӯй дарпеч,
Ба сар дастор печидан чӣ кор аст?