Эй кариме, ки аз хазонаи ғайб

Эй кариме,¹ ки аз хазонаи ғайб²
Габру³ тарсо⁴ вазифахӯр⁵ дорӣ
Дӯстонро куҷо кунӣ маҳрум,
Ту, ки бо душман ин назар дорӣ?


¹ бузург, бахшанда.
² ганҷинаи ниҳонӣ (хазинаи неъматҳои Худованд).
³ ғайримусулмон, гоҳ ба маънои пайравони дини Зартушт.
⁴ масеҳӣ, насронӣ.
⁵ рӯзихӯр, гирандаи ризқу рӯзӣ.