Эй мурғи саҳар, ишқ зи парвона биёмӯз

Эй мурғи саҳар,¹ ишқ зи парвона² биёмӯз,
К-он сӯхтаро ҷон шуду овоз наёмад.
Ин муддаиён³ дар талабаш бехабаронанд,
К-онро ки хабар шуд, хабаре боз наёмад.


¹ булбул, ки саҳаргоҳон месарояд.
² шоҳпараке, ки гирди шамъ ё равшанӣ пар мезанад.
³ даъвогарон, мағрурон.