Абдураҳмони Ҷомӣ

Ҳар шишаи май бо ту чу дар маҳфилам афтад

Ҳар шишаи май бо ту чу дар маҳфилам афтад,
Бинам лабат, он шиша зи тоқи дилам афтад.

Хоҳам сари худро ба сари роҳи ту манзил,
Бошад, ки туро роҳ ба сарманзилам афтад.

Чун теғ ба қатлам кашӣ, он дам нияти ман
Ин бас, ки нигоҳе ба рухи қотилам афтад.

Ай вақти сабо хуш, ки ба як дам бикушояд,
Гар дар шикани зулфи ту сад мушкилам афтад.

Ҳодӣ мафурӯз оташи ман, гӯ, ки мабодо,
Аз сина занад шуълаву дар маҳмилам афтад.

Гардад алами раҳмати ҷовид, пас аз марг
Гар сояи сарви ту ба обу гилам афтад.

Ман Ҷомиям, он баҳри маонӣ, ки гаҳи мавҷ
Сад гавҳари сероб ба ҳар соҳилам афтад.