Эй бартар аз хаёлу қиёсу гумону ваҳм

Эй бартар¹ аз хаёлу қиёсу² гумону ваҳм³
В-аз ҳар чӣ гуфтаанду шунидему хондаем,
Маҷлис тамом гашту ба охир расид умр,
Мо ҳамчунон дар аввали васфи Ту мондаем.


¹ болотар, беҳтар.
² муқоиса, андозагирӣ.
³ пиндор, ҳарос.