Гиле хушбӯй дар ҳаммом рӯзе

Гиле хушбӯй¹ дар ҳаммом рӯзе
Расид аз дасти маҳбубе² ба дастам.

Бад-ӯ гуфтам, ки мушкӣ³ ё абирӣ,⁴
Ки аз бӯйи диловези⁵ ту мастам?!

Бигуфто, ман гиле ночиз будам,
Валекин муддате бо гул нишастам.

Камоли⁶ ҳамнишин дар ман асар кард,
Вагарна ман ҳамон хокам, ки ҳастам.


¹ гили хушбӯйи саршӯйӣ, ки дар гузашта дар ҳаммомҳо аз он истифода мекарданд, навъе собун.
² ҷаноб, касе, ки ба ӯ хидмат кунанд.
³ моддаи хушбӯе, ки аз нофи оҳуи Хутан мегиранд ва дар атрсозӣ ба кор меравад.
⁴ моддаи хушбӯе, ки аз мушку гулоб ва ғайра тайёр мешавад.
⁵ дилкаш, хушу гуворо.
⁶ хубӣ, сифатҳои нек, бузургӣ.