Ҳар дам аз умр меравад нафасе

Ҳар дам аз умр меравад нафасе,
Чун нигаҳ мекунам, намонда басе.

Эй ки панҷоҳ рафту дар хобӣ,
Магар ин панҷрӯза дарёбӣ?!

Хиҷил¹ он кас, ки рафту кор насохт,²
Кӯси³ реҳлат⁴ заданду бор насохт.⁵

Хоби нӯшини⁶ бомдоди раҳил⁷
Боздорад пиёдаро зи сабил⁸.

Ҳар кӣ омад, иморате нав сохт,
Рафту манзил ба дигаре пардохт.⁹

В-он дигар пухт ҳамчунин ҳавасе,
В-ин иморат ба сар набурд касе.

Ёри нопойдор¹⁰ дӯст мадор,
Дӯстиро нашояд ин ғаддор.¹¹

Неку бад чун ҳаме бибояд мурд,
Хунук¹² он кас, ки гӯи¹³ некӣ бурд.

Барги айше¹⁴ ба гӯри хеш фирист,
Кас наёрад зи пас, ту пеш фирист.

Умр барф асту офтоби тамӯз,¹⁵
Андаке монду хоҷа¹⁶ ғарра¹⁷ ҳанӯз.

Эй тиҳидаст¹⁸ рафта дар бозор,
Тарсамат пур наёварӣ дастор.¹⁹

Ҳар кӣ мазруи²⁰ худ бихӯрд ба хид,²¹
Вақти хирман-ш²² хӯша бояд чид.


¹ шарманда, бечора.
² омода нашуд, тӯшае фароҳам накард.
³ нақора, табле, ки вақти ба роҳ баромадани корвон менавозанд.
⁴ сафар, ҳаракат.
⁵ борва тӯшаисафар омоданакард.
⁶ ширин, гуворо.
⁷ субҳирӯзи сафар.
⁸ роҳ, тариқ.
⁹ вогузор кард, супорид.
¹⁰ бевафо, гузаранда.
¹¹ ҳилагар, паймоншикан.
¹² хуш, хуш ба ҳолаш, хушбахт.
¹³ тӯби бозии чавгон (гӯй бурдан-ғолиб омадан).
¹⁴ чизҳои зарурӣ барои зиндагӣ, ин ҷо: тӯшаи зарурӣ барои охират.
¹⁵ фасли гармо, моҳи гарми тобистон.
¹⁶ одам, ҷаноб.
¹⁷ ғофил, мағрур, фиребхӯрда.
¹⁸ нодор, камбағал, дастхолӣ.
¹⁹ салла, шоле, ки ба сар мебанданд, вақти зарурат аз он ҳамчун буғча низ истифода мекарданд.
²⁰ кишта, замини кошташуда.
²¹ норасида, хом.
²² ҳосил, ҷамъоварӣ, ғаллаи даравидашуда, ки дар ҷое ҷамъ карда мешавад.