Агарчи пеши хирадманд хомушӣ адаб аст

Агарчи пеши хирадманд хомушӣ адаб аст,
Ба вақти маслаҳат¹ он беҳ, ки дар сухан кӯшӣ.
Ду чиз тираи² ақл аст: дам фурӯ бастан³
Ба вақти гуфтану гуфтан ба вақти хомӯшӣ.


¹ зарурат, вақте лозим бошад.
² сабукӣ, торикӣ.
³ хомӯш будан, сухан нагуфтан.