Абдураҳмони Ҷомӣ

Дӯстон, аз нолаи зорам садое бишнавед

Дӯстон, аз нолаи зорам садое бишнавед
В-аз хурӯши сели ашкам моҷарое бишнавед.

Маҷлиси унс аст дур аз ваҳшати бегонагон,
З-ошное достони ошное бишнавед.

Шарҳи асроре, ки шоҳон маҳрами он нестанд,
Аз забони бесарусомонгадое бишнавед.

Раҳравони Каъбаро бояд сухан дар роҳ гуфт,
Ин сухан гуфта-ст бо ман раҳнамое, бишнавед!

Бар дари Каъба чу маҳрумед аз лаҳни сарир,
З-уштурони қофила бонги дарое бишнавед.

Ташна мондан дар биёбон чанд, бардоред гом,
Аз лаби Замзам ба ҳар ташна салое бишнавед.

Мекашад Ҷомӣ нафир аз шавқи хори бодия,
Андалебе мезанад бар гул, навое бишнавед!