Сухандони парварда, пири куҳан

Сухандони¹ парварда,² пири куҳан
Бияндешад он гаҳ бигӯяд сухан.

Мазан бетааммул³ ба гуфтор дам,
Накӯ гӯй ва гар дер гӯйӣ, чӣ ғам?

Бияндеш в-он гаҳ баровар нафас
В-аз он пеш бас кун, ки гӯянд «бас»!

Ба нутқ⁴ одамӣ беҳтар аст аз давоб,⁵
Давоб аз ту беҳ, гар нагӯӣ савоб.⁶


¹ адиб, суханшинос.
² тарбиятёфта, озмуда, ботаҷриба.
³ андеша, фикр.
⁴ тафаккуру сухан, андешаю баён (нутқ фарқи асосии одам аз тамоми ҳайвонот аст).
⁵ ҷамъи «добба»: ҳайвонот, чорпоён.
⁶ дуруст, нек.