Гарчи шотир бувад хурӯс ба ҷанг

Гарчи шотир¹ бувад хурӯс ба ҷанг,
Чӣ занад пеши бози рӯинчанг?!²
Гурба шер аст дар гирифтани муш,
Лек муш аст дар масофи³ паланг.


¹ чобук, чолок.
² оҳанчанг, сахтчангол.
³ ҷамъи «масаф»: ҷои саф кашидан, майдони ҷанг.