Бимонад солҳо ин назму тартиб

Бимонад солҳо ин назму тартиб,
Зи мо ҳар зарра хок уфтода ҷое.

Ғараз нақшест, к-аз мо бозмонад,
Ки гетиро¹ намебинам бақое.²

Магар соҳибдиле³ рӯзе ба раҳмат⁴
Кунад дар кори дарвешон⁵ дуое.


¹ дунё, рӯзгор.
² пойдорӣ, вафо.
³ шахси орифу огоҳ.
⁴ меҳрубонӣ, бо талаби раҳмат.
⁵ сӯфиён; бенавоён, фақирон.