GUFTOR
САЪДӢ ҲОФИЗ
САЪДӢ ҲОФИЗ
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳар шабам бе ту ба сад ғам бигзарад

Ҳар шабам бе ту ба сад ғам бигзарад,
Шаб чунин бар ошиқон кам бигзарад.

Баски бар рӯйи замин меборам ашк,
Тарсам аз рӯйи дигар нам бигзарад.

Нақди дил гум кардаам, ай кош, бод
Мӯй-мӯятро ба хам-хам бигзарад.

Бод завқи захми ту бар ман ҳаром,
Бар дилам гар ёди марҳам бигзарад.

Рӯзи шодӣ рафт зуду ғам расид,
Бар наёяд дер, к-ин ҳам бигзарад.

Рахна-рахна шуд рухам, аз бас бар ӯ
Аз мижа сели дамодам бигзарад.

Бод сур айёми ту яксар, чӣ бок,
Умри Ҷомӣ, гар ба мотам бигзарад!

Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт. – Душанбе: «Адиб», 2016, 480 саҳ.

Абдураҳмони Ҷомӣ Кай бувад, кай, ки шаби меҳнати ман рӯз шавад
Абдураҳмони Ҷомӣ Рухат, ки бар маҳи рахшон хате зи нил кашид
Абдураҳмони Ҷомӣ Муддати рафтани он маҳ ба сафар дер кашид
Абдураҳмони Ҷомӣ Чун қадаҳ к-аз шароб пур гардад
Абдураҳмони Ҷомӣ Доғи ҳаҷрам лаби хушк аз мижа тар месозад
Абдураҳмони Ҷомӣ Рух намудӣ, сафо ҳамин бошад
Абдураҳмони Ҷомӣ З-он бути озарӣ хабар кӣ диҳад?
Абдураҳмони Ҷомӣ Бо ту якҷо наметавонам буд
Абдураҳмони Ҷомӣ Дил боз саросемаи симинзақане шуд
Абдураҳмони Ҷомӣ Маро бар нӯги мижгон, баски хуни дил ҷигар бандад
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Гулистон (164)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳаким Низомии Ганҷавӣ. Лайлӣ ва Маҷнун (20)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Ғазалиёт (495)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Рубоиёт (42)
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Ғазалиёт (637)
Абдураҳмони Ҷомӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Баҳористон (2)
Абдураҳмони Ҷомӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт (450)
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Бӯстон (5)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қитаот (34)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қасоид (3)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Маснавиёт (2)
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Аз Гулистон (326)
© 2020 СОМОНАИ ГУФТОР