Ҷаҳон, эй бародар, намонад ба кас

Ҷаҳон, эй бародар, намонад ба кас,
Дил андар ҷаҳонофарин¹ банду бас.

Макун такя бар мулки дунёву пушт,²
Ки бисёр кас чун ту парварду кушт.

Чу оҳанги³ рафтан кунад ҷони пок,
Чи бар тахт мурдан, чи бар рӯи хок.


¹ офаринандаи ҷаҳон, Худованд.
² насаб ва авлод.
³ азм, қасду хоҳиш.