GUFTOR
САЪДӢ ҲОФИЗ
САЪДӢ ҲОФИЗ
Абдураҳмони Ҷомӣ Чун қадаҳ к-аз шароб пур гардад

Чун қадаҳ к-аз шароб пур гардад,
Чашмам аз хуни ноб пур гардад.

Моҳи нав соғар, офтоб май аст,
Моҳи нав з-офтоб пур гардад.

Баски сӯзад дилам ҷаҳон, чӣ аҷаб,
Гар зи дуди кабоб пур гардад.

Ташнаи ишқро чӣ суд кунад?
Баҳру бар гар зи об пур гардад.

Накунад кори ним қатраи об,
Гар ҷаҳон аз сароб пур гардад.

Олам аз тоби ҳур зи бурқаи ту
Ба яке риштатоб пур гардад.

Ҳоли худ гар рақам занад Ҷомӣ,
Пушту рӯйи китоб пур гардад.

Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт. – Душанбе: «Адиб», 2016, 480 саҳ.

Абдураҳмони Ҷомӣ Доғи ҳаҷрам лаби хушк аз мижа тар месозад
Абдураҳмони Ҷомӣ Рух намудӣ, сафо ҳамин бошад
Абдураҳмони Ҷомӣ З-он бути озарӣ хабар кӣ диҳад?
Абдураҳмони Ҷомӣ Бо ту якҷо наметавонам буд
Абдураҳмони Ҷомӣ Дил боз саросемаи симинзақане шуд
Абдураҳмони Ҷомӣ Маро бар нӯги мижгон, баски хуни дил ҷигар бандад
Абдураҳмони Ҷомӣ Сарат зи оризаи даҳр дардманд мабод
Абдураҳмони Ҷомӣ Гиряи талхи ман аз хандаи он лаб нигаред
Абдураҳмони Ҷомӣ Хиште, ки рӯзи марг маро зери сар ниҳанд
Абдураҳмони Ҷомӣ Рақам мезад қалам васфи лаби лаъли ту бар коғаз
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Гулистон (164)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳаким Низомии Ганҷавӣ. Лайлӣ ва Маҷнун (20)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Ғазалиёт (495)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Рубоиёт (42)
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Ғазалиёт (637)
Абдураҳмони Ҷомӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Баҳористон (2)
Абдураҳмони Ҷомӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт (450)
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Бӯстон (5)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қитаот (34)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қасоид (3)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Маснавиёт (2)
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Аз Гулистон (326)
© 2020 СОМОНАИ ГУФТОР