Нимноне гар хӯрад марди Худой

Нимноне гар хӯрад марди Худой,
Базли дарвешон кунад ними дигар.
Мулки иқлиме бигирад подшоҳ
Ҳамчунон дар банди иқлиме дигар.