Абр агар оби зиндагӣ борад

Абр агар оби зиндагӣ борад,
Ҳаргиз аз шохи бед бар нахӯрӣ.
Бо фурӯмоя рӯзгор мабар,
К-аз найи бурё шакар нахӯрӣ!