GUFTOR
САЪДӢ ҲОФИЗ
САЪДӢ ҲОФИЗ
Абдураҳмони Ҷомӣ Сарат зи оризаи даҳр дардманд мабод

Сарат зи оризаи даҳр дардманд мабод,
Замона бар дили шоди ту ғамписанд мабод!

Ту ҷони аҳли ниёзӣ, ба чорболиши ноз
«Танат ба нози табибон ниёзманд мабод!»

Зи нози кист вуҷудат сиришта сар то пой?
«Вуҷуди нозукат озурдаи газанд мабод!»

Бар оташин лабат он хол, к-аз таб афтода-ст,
Ба чашмзахми ҳасудон ба ҷуз сипанд мабод!

Илоҷи гиряи талхам, чу ҷоми айш кашӣ,
Ба ҷуз табассумат аз лаъли нӯшханд мабод!

Ҷуз он зи сарвқадон, к-ӯ қабули хотири туст,
Ба пойбӯсии Рахши ту сарбаланд мабод!

Савора чун бадар ойӣ, зи фарқи тоҷварон
Ба ғайри тоҷ зи ту ҷуз суми саманд мабод!

Каманди давлати сармад турост, ҳеҷ саре
Бурун зи рибқаи¹ тасхири ин каманд мабод!

Найест ноираи файзи хомаи Ҷомӣ,
Бар он най аз нафаси айбҷӯй банд мабод!

¹ Рибқа – ҳалқаи ресмон.
² Ноира – шуъла, оташ.

Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт. – Душанбе: «Адиб», 2016, 480 саҳ.

Абдураҳмони Ҷомӣ Гиряи талхи ман аз хандаи он лаб нигаред
Абдураҳмони Ҷомӣ Хиште, ки рӯзи марг маро зери сар ниҳанд
Абдураҳмони Ҷомӣ Рақам мезад қалам васфи лаби лаъли ту бар коғаз
Абдураҳмони Ҷомӣ Қадат сарвест,ҷоно, сояпарвар
Абдураҳмони Ҷомӣ Ай ба назора карда рӯ, мавкиби моҳи ман нигар
Абдураҳмони Ҷомӣ Фасли дай кӯтаҳ бувад, соқӣ барои айши рӯз
Абдураҳмони Ҷомӣ Надорам дареғ аз ғамат хеҷ чиз
Абдураҳмони Ҷомӣ Ман ба хун ғарқу лаби лаъли ту дар ханда ҳанӯз
Абдураҳмони Ҷомӣ Ё ба шамшери ҷафо дар ҷигарам чок андоз
Абдураҳмони Ҷомӣ Он сарви нозукест ниҳода кулоҳ каж
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Гулистон (164)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳаким Низомии Ганҷавӣ. Лайлӣ ва Маҷнун (20)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Ғазалиёт (495)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Рубоиёт (42)
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Ғазалиёт (637)
Абдураҳмони Ҷомӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Баҳористон (2)
Абдураҳмони Ҷомӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт (450)
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Бӯстон (5)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қитаот (34)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қасоид (3)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Маснавиёт (2)
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Аз Гулистон (326)
© 2020 СОМОНАИ ГУФТОР