Донӣ, ки чӣ гуфт Зол бо Рустами гурд

Донӣ, ки чӣ гуфт Зол бо Рустами гурд,
Душман натавон ҳақиру бечора шумурд.
Дидем басе, ки оби сарчашмаи хурд.
Чун бештар омад, шутуру бор бибурд.