Бад-ин умед ба сар шуд, дареғ умри азиз

Бад-ин умед ба сар шуд, дареғ умри азиз,
Ки он чӣ дар дилам аст, аз дарам фароз ояд.
Умеди баста баромад, вале чӣ фоида з-он-к,
Умед нест, ки умри гузашта бозояд.