GUFTOR
САЪДӢ ҲОФИЗ
САЪДӢ ҲОФИЗ
Абдураҳмони Ҷомӣ Он сарви нозукест ниҳода кулоҳ каж

Он сарви нозукест ниҳода кулоҳ каж,
Маст аст гӯиё, ки ниҳад по ба роҳ каж.

Чун тоза шохи гул, ки тамоил кунад зи бод,
Гоҳ аз хавоси бода шавад рост, гоҳ каж.

Ҳарфест бар латофати сунъи дабири дол,
Бар лавҳи оразаш сари зулфи сиёҳ каж.

Афтам хамида пушт ба роҳаш, ки дур нест,
Дар пойи сарви рост, ки хезад гиёҳ каж.

Хоҳӣ шикори сайди мурод, оҳ каш, дило,
Камтар фитад зи савби ғараз тири оҳ каж.

Хуш хотирам зи дӯст ба афсонаи висол,
Хоҳ он фасона рост бувад з-ӯю хоҳ каж.

Ҷомӣ, ба чоҳи ҷоҳ машав сарнагун фурӯ,
Бас марди ростгӯ шавад аз майли ҷоҳ каж.

Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт. – Душанбе: «Адиб», 2016, 480 саҳ.

Абдураҳмони Ҷомӣ Ошён месозад аз хас булбули бесабру ҳуш
Абдураҳмони Ҷомӣ Чун нуҳуфтӣ он ду рух, бикшо лаби хандони хеш
Абдураҳмони Ҷомӣ Дам зад дил аз сирри ғамат, аз сарзаниш хун кардамаш
Абдураҳмони Ҷомӣ Ай, чу гулбарги таре орази зебои ту хуш
Абдураҳмони Ҷомӣ Ай ба сарам дам ба дам теғи ҷафои ту хуш
Абдураҳмони Ҷомӣ Нозанино, як шабе бо ошиқон дамсоз бош
Абдураҳмони Ҷомӣ На ба лутф аз ситами дӯст тавон ёфт халос
Абдураҳмони Ҷомӣ З-оташи ишқат алам зад риштаи ҷонам чу шамъ
Абдураҳмони Ҷомӣ Умрҳо он ки ба сӯям гузаре дошт дареғ
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳашмати майфурӯш бин, бар дари ӯ зи ҳар тараф
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Гулистон (164)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳаким Низомии Ганҷавӣ. Лайлӣ ва Маҷнун (20)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Ғазалиёт (495)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Рубоиёт (42)
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Ғазалиёт (637)
Абдураҳмони Ҷомӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Баҳористон (2)
Абдураҳмони Ҷомӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт (450)
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Бӯстон (5)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қитаот (34)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қасоид (3)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Маснавиёт (2)
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Аз Гулистон (326)
© 2020 СОМОНАИ ГУФТОР