Ба бозувони тавонову қуввати сари даст

Ба бозувони¹ тавонову қуввати сари даст
Хатост панҷаи мискини² нотавон бишикаст.

Натарсад, он ки бар уфтодагон набахшояд,
Ки гар зи пой дарояд,³ касаш нагирад даст?

Ҳар он ки тухми бадӣ кишту чашми некӣ дошт,
Димоғи⁴ беҳуда пухту хаёли ботил⁵ баст.

Зи гӯш пунба бурун ору доди⁶ халқ бидеҳ
В-агар ту менадиҳӣ⁷ дод, рӯзи доде ҳаст.


¹ дастон.
² бенаво, бечора.
³ аз пой афтад, аз мансаб равад.
⁴ мағз; дар ин ҷо: фикр, хаёл.
⁵ нодуруст, беҳуда.
⁶ он чи бояд, ҳақ, адолат.
⁷ намедиҳӣ, надиҳӣ.