Эй забардасти зердастозор

Эй забардасти¹ зердастозор,
Гарм то кай бимонад ин бозор?
Ба чӣ кор оядат ҷаҳондорӣ²?
Мурданат беҳ, ки мардумозорӣ!


¹ пурзӯр, тавоно («забар» ба маънои боло аст ва «забардаст» ба маънои дастболо ва қудратманд).
² подшоҳӣ, сарватмандӣ.