GUFTOR
САЪДӢ ҲОФИЗ
САЪДӢ ҲОФИЗ
Абдураҳмони Ҷомӣ Ай, чу гулбарги таре орази зебои ту хуш

Ай, чу гулбарги таре орази зебои ту хуш,
Гирди он ҳалқа зада зулфи сумансои ту хуш.

Пой то сар ту чунонӣ, ки бувад бӯса задан,
Бар рухи хуби ту, зебо, ба кафи пои ту хуш.

Гар кунӣ пурсишу гар ханда занӣ бар ҳолаш,
Ҳар чӣ ояд, бувад аз лаъли шакархои ту хуш.

Хилъате хос бувад гесӯят аз шаъри¹ сиёҳ
Ки зи сар то ба қадам ҳаст ба болои ту хуш.

Дида хуш гашт, чу биншаст хаёли ту дар ӯ,
Бинишин хурраму хандон, ки бувад ҷойи ту хуш.

Ваъдаи ҷаннати нася ба вараъварзон² деҳ,
Ки ба нақд аст дили мо ба тамошои ту хуш.

Хуш супурдӣ дилат имрӯз ба дарду ғами ишқ,
Бод имрӯзи ту хуш Ҷомиву фардои ту хуш.

¹ Шаър – болопӯши мӯини сабуки шабона.
² Вараъ – парҳезкорӣ, порсоӣ.

Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт. – Душанбе: «Адиб», 2016, 480 саҳ.

Абдураҳмони Ҷомӣ Ай ба сарам дам ба дам теғи ҷафои ту хуш
Абдураҳмони Ҷомӣ Нозанино, як шабе бо ошиқон дамсоз бош
Абдураҳмони Ҷомӣ На ба лутф аз ситами дӯст тавон ёфт халос
Абдураҳмони Ҷомӣ З-оташи ишқат алам зад риштаи ҷонам чу шамъ
Абдураҳмони Ҷомӣ Умрҳо он ки ба сӯям гузаре дошт дареғ
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳашмати майфурӯш бин, бар дари ӯ зи ҳар тараф
Абдураҳмони Ҷомӣ Ба худ гумони ман ин буд, ки дар бидояти ишқ
Абдураҳмони Ҷомӣ Аз дари баставу девори баланди ту ба танг
Абдураҳмони Ҷомӣ Биё, ки фасли баҳор асту муҳтасиб маъзул
Абдураҳмони Ҷомӣ Дар даҳонат шак аст в-он ду-се хол
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Гулистон (164)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳаким Низомии Ганҷавӣ. Лайлӣ ва Маҷнун (20)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Ғазалиёт (495)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Рубоиёт (42)
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Ғазалиёт (637)
Абдураҳмони Ҷомӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Баҳористон (2)
Абдураҳмони Ҷомӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт (450)
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Бӯстон (5)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қитаот (34)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қасоид (3)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Маснавиёт (2)
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Аз Гулистон (326)
© 2020 СОМОНАИ ГУФТОР