Он ки бар настаран аз ғолия холе дорад


Он ки бар настаран аз ғолия¹ холе дорад,
Алҳақ ороста хулқею ҷамоле дорад.

Дарди дил пеши кӣ гӯям, ки ба ҷуз боди сабо
Кас надонам, ки дар он кӯй маҷоле дорад.

Дил чунин сахт набошад, ки яке бар сари роҳ
Ташна мемираду халқ оби зулоле дорад.

Зиндагонӣ натавон гуфту ҳаёте, ки марост,
Зинда он аст, ки бо дӯст висоле дорад.

Ман ба дидори ту муштоқаму аз ғайр малул,
Гар туро аз ману аз ғайр малоле дорад.²

Мурғ бар боми ту раҳ дораду ман бар сари кӯй,
Ҳаббазо³ мурғ, ки охир пару боле дорад.

Ғами дил бо ту нагӯям, ки надорӣ ғами дил,
Бо касе ҳол тавон гуфт, ки ҳоле дорад.

Толиби васли ту чун муфлису андешаи ганҷ,
Ҳосил он аст, ки савдои муҳоле дорад.

Оқибат сар ба биёбон биниҳад чун Саъдӣ,
Ҳар кӣ дар сар ҳаваси чун ту ғазоле дорад.


¹ Моддаи хушбӯ, сураккаб аз мушеу анбар.
² Дар ин ҷо ба маънии «бошад».
³ Хушо, офарин.