Зӯрат ар беш меравад бо мо

Зӯрат ар беш меравад бо мо,
Бо Худованди ғайбдон наравад.
Зӯрмандӣ макун бар аҳли замин,
То дуое бар осмон наравад!