GUFTOR
САЪДӢ ҲОФИЗ
САЪДӢ ҲОФИЗ
Абдураҳмони Ҷомӣ Дар даҳонат шак аст в-он ду-се хол

Дар даҳонат шак аст в-он ду-се хол,
Гирди лаб нуқтаҳост шакли дол.

Қосиранд аз мисоли қомати ту
Нахлбандони коргоҳи хаёл.

Нест мурғи ҳавои ишқи туро
Ҳеҷ чизе беҳ аз фароғати бол.

Бехуданд аз ҷамоли талъати ту
Сокинони сародиқоти¹ ҷалол.

Бин сиришки маро, ки аз хотир
Шӯяд оби равон ғубори малол.

Ҳолат аз бонги най чӣ суд, ай шайх,
Чун наӣ воқиф аз ҳақиқати ҳол.

Умри Ҷомӣ аз он даҳону миён
Меравад дар хаёлҳои муҳол.

¹ Сародиқот – ҷ. сародиқ – саропарда, чодир, хайма.

Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт. – Душанбе: «Адиб», 2016, 480 саҳ.

Абдураҳмони Ҷомӣ Шароби лаъл бидеҳ, соқиё, ки як-ду-се дам
Абдураҳмони Ҷомӣ Дур аз туам афтода бар бистари дарду ғам
Абдураҳмони Ҷомӣ Гоҳе, ки кашӣ теғ, ниҳам гардани таслим
Абдураҳмони Ҷомӣ Биё, к-аз рӯйи соқӣ вақти гул бурқаъ барандозем
Абдураҳмони Ҷомӣ Мо ба роҳи талаби васли ту наъл афгандем
Абдураҳмони Ҷомӣ Рухсатам деҳ, ки сари зулфи сиёҳат гирам
Абдураҳмони Ҷомӣ Саҳар ба гӯшаи меҳроб зорие кардам
Абдураҳмони Ҷомӣ Ман он наям, ки зи ту даст дораму биравам
Абдураҳмони Ҷомӣ Чун мани бесабру дил хоҳам, ки он рӯ бингарам
Абдураҳмони Ҷомӣ З-он наранҷам, ки зи худкарда гаронат бинам
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Гулистон (164)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳаким Низомии Ганҷавӣ. Лайлӣ ва Маҷнун (20)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Ғазалиёт (495)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Рубоиёт (42)
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Ғазалиёт (637)
Абдураҳмони Ҷомӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Баҳористон (2)
Абдураҳмони Ҷомӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт (450)
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Бӯстон (5)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қитаот (34)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қасоид (3)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Маснавиёт (2)
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Аз Гулистон (326)
© 2020 СОМОНАИ ГУФТОР