Сурати ҳоли орифон далқ аст

Сурати ҳоли орифон далқ¹ аст,
Ин қадар бас, ки рӯй дар халқ аст.

Дар амал кӯшу ҳар чӣ хоҳӣ пӯш,
Тоҷ бар сар неҳу алам² бар дӯш.

Тарки дунёву шаҳват асту ҳавас,
Норасоӣ на тарки ҷомаву бас.

Дар кажоганд³ мард бояд буд,
Бар муханнас⁴ силоҳи чанг чӣ суд?


¹ Далқ — ҷандаи қаландарӣ.
² Алам — байрақ.
³ Кажоганд — ҷомаи ҷангӣ, ки ба дарунаш ба ҷойи пахта абрешим меандохтанд, то ки тиру теғ таъсир накунад.
⁴ Муханнас — хунасо.