Чу аз қавме яке бедонишӣ кард

Чу аз қавме яке бедонишӣ кард,
На кеҳро¹ манзалат монад, на меҳро².
Шунидастӣ, ки гове дар алафзор
Биёлояд ҳама говони деҳро.


¹ Кеҳ — калон.
² Меҳ — хурд.