Набинад муддаӣ ҷуз хештанро

Набинад муддаӣ¹ ҷуз хештанро,
Ки дорад пардаи пиндор² дар пеш.
Гарат чашми худобине бибахшанд,
Набинӣ ҳеч кас оҷизтар аз хеш.


¹ даъвогар, ин ҷо ба маънии беҳудагӯю лофзан аст.
² ҳиҷоби гумони ботил, гумони ноҳақ.

Мазмун: Инсони беҳудагӯю лофзан ғайр аз худ каси дигарро намебинад, зеро пардаи тираи гумони ботил пеши чашмашро бастааст. Агар ба ту чашми ниҳонбину ҳақиқатшинос бидиҳанд, ҳеч касро аз худ пасттар намебинӣ. Яъне, худро аз ҳама кас оҷизтару нотавонтар мешуморӣ.