На ба уштуре саворам, на чу хар ба зери борам

На ба уштуре саворам, на чу хар ба зери борам,
На худованди раият, на ғуломи шаҳриёрам;
Ғами мавҷуду парешонии маъдум надорам,
Нафасе мезанам осудаву умре ба сар орам.