Оҳанеро, ки мӯриёна бихӯрд

Оҳанеро, ки мӯриёна бихӯрд,
Натавон бурд аз ӯ ба сайқал занг,
Бо сияҳдил чӣ суд гуфтани ваъз,
Наравад мехи оҳанин бар санг.