Нагӯянд аз сари бозича ҳарфе

Нагӯянд аз сари бозича¹ ҳарфе,
К-аз он панде нагирад соҳиби ҳуш².
В-агар сад боби ҳикмат³ пеши нодон
Бихонанд, оядаш бозича дар гӯш.


¹ он чи ба он бозӣ кунанд, ин ҷо ба маънии масхара, мазоҳ.
² ҳушманд, доно.
³ фалсафа, донишу маърифат.

Мазмун: Аз сухане, ки ба масхара гуфта шудааст, ҳар одами ҳушманду доно панде мегирад, вале агар сад фасл аз китоби фалсафаву ҳикмат барои нодон бихонӣ, ҳамаро ҳазл мепиндорад.