Агар дунё набошад, дардмандем

Агар дунё набошад, дардмандем,
B-агар бошад, ба меҳраш пойбандем.

Балое з-ин ҷаҳоношӯбтар нест.
Ки ранҷи хотир аст, ар ҳаст, в-ар нест.

Маталаб, гар тавонгарӣ хоҳӣ,
Ҷуз қаноат, ки давлатест ҳанӣ.

Гар ғанӣ зар ба доман афшонад,
То назар дар савоби ӯ накунӣ,

К-аз бузургон шунидаам бисёр:
Сабри дарвеш беҳ, ки базли ғанӣ.

Агар бирён кунад Баҳром гӯре,
На чун пойи малах бошад зи мӯре.