Абдураҳмони Ҷомӣ

Аҷаб дар арбада-ст имрӯз бо ман турки масти ман

Аҷаб дар арбада-ст имрӯз бо ман турки масти ман,
Гиребонам ба дасти ӯву домонаш ба дасти ман.

Манам пурсарву гул боғе зи фикри қадди рухсораш,
Ки бошад тири таъни айбҷӯён хорбасти ман.

Ба дорам сарбаландӣ дод он нахли ҷаҳоноро,
Чӣ олӣ шуд, бибин з-иқболи ишқаш қадри пасти ман.

Маро шуд умр шасту моҳии он соиди симин
Наяфтод андар ин гирдоби ғам ҳаргиз ба шасти ман.

Бути ман худпараст аз ойина, ман бутпараст аз вай,
Надорад фикри ҳоли бутпарастон бутпарасти ман.

Фиганд он сарв соя бар сари ман, чашми он дорам,
Ки фардо сояи Тӯбо бувад ҷойи нишасти ман.

Наям ман Ҷомии осудахотир, он тунукҷомам,
Ки аз санги ҷафо он тундхӯ хоҳад шикасти ман.