Биё соқӣ, ки шуд бо майпарастон аҳди гул тоза,
Фиганд овози булбул дар чаман з-ин маънӣ овоза.
Куҳанрасмест тавба, тарки он хуштар дар ин мавсим,
Ки сабза хуррам асту сурию савсан тару тоза.
Зи боди меҳнати даврон шуд абтар дафтари айшам,
Кунад з-абрешими чангаш муғаннӣ, кош, шероза.
Дар айвони харобот ор рӯ аз Каъба, то бинӣ
Улувви ҳиммати бонию¹ ҳусни санъати роза².
Қиёси кори ҷонбозон макун бар ҳоли раъноён,
Ки бошад сурх рӯйи ғозиён аз хун, на аз ғоза.
Ба тарфи ораз он хат бас занахдонест, ҷойи ӯ
Ҳамон беҳтар, ки нанҳад пойи худ берун зи андоза.
Макун дар сина Ҷомӣ хона шаҳрошӯби шӯхеро,
Ки дорад хона аз шаҳри вафо беруни дарвоза.
¹ Бонӣ – бинокунанда, меъмор.
² Роза – гилкор, лойгар.