Соҳибдиле ба мадраса омад зи хонақоҳ

Соҳибдиле ба мадраса омад зи хонақоҳ
Бишкаст аҳди суҳбати аҳли тариқро.

Гуфтам: Миёни обиду олим чӣ фарқ буд?
То ихтиёр кардӣ аз он ин фариқро?

Гуфт: «Он гилеми хеш бадар мебарад зи мавҷ
В-ин ҷаҳд мекунад, ки бигирад ғариқро».