Ин ҳикоят шунав, ки дар Бағдод

Ин ҳикоят шунав, ки дар Бағдод,
Рояту пардаро хилоф афтод.

Роят аз гарди роҳу ранҷи рикоб,
Гуфт бо парда аз тариқи итоб:

«Ману ту хар ду хоҷатошонем.
Бандаи боргоҳи султонем.

Ман зи хидмат даме наёсудам,
Гоҳу бегоҳ дар сафар будам.

Ту на ранҷ озмудаӣ, на ҳисор.
На биёбону боду гарду ғубор.

Қадами ман ба саъй пештар аст.
Пас чаро иззати ту бештар аст?

Ту бари бандагони маҳрӯйӣ.
Бо канизони ёсуманбӯйӣ.

Ман фитода ба дасти шогирдон,
Ба сафар пойбанду саргардон».

Гуфт: «Ман сар бар остон дорам,
На чу ту сар бар осмон дорам.

Ҳар кӣ беҳуда гардан афрозад,
Хештанро ба гардан андозад».