Карим-ус-саҷоё, ҷамил-уш-шиям,
Набӣ ал-бароё, шафеъ-ул-умум.
Имоми русул, пешвои сабил,
Амини Худо, маҳбати Ҷабраил.
Шафеъ-ул-варӣ, хоҷаи бӯъсу нашр,
Имом ал-ҳадӣ, садри девони ҳашр.
Калиме, ки чархи фалак Тӯри Ӯст,
Ҳама нурҳо партави нури Ӯст.
Шафеи матои набии карим,
Қасими ҷасими насими васим.¹
Ятиме, ки нокарда Қуръон дуруст,
Кутубхонаи чанд миллат бишуст.
Чу азмаш баромехт шамшери бим,
Ба мӯъҷиз миёни қамар зад ду ним.
Чу ситаш дар афвоҳи дунё фитод,
Тазалзул дар айвони Кисро фитод.
Ба «ло» қомати Лот бишкаст хурд,
Ба эъзози дин оби Иззо бибурд.
На Лоту Иззо баровард гард,
Ки Тавроту Инҷил мансух кард.²
Шабе барнишаст, аз фалак баргузашт,³
Ба тамкину ҷоҳ аз малак даргузашт.⁴
Чунон гарм дар теҳи қурбат биронд,
Ки бар⁵ Сидра Ҷибрил аз Ӯ бозмонд.
Бад-ӯ гуфт солори байтулҳаром,
Ки эй ҳомили ваҳй бартар хиром.
Чу дар дӯстӣ мухлисам ёфтӣ,
Инонам зи сӯҳбат чаро тофтӣ?
Бигуфто: «Фаротар маҷолам намонд,
Бимондам, ки нерӯи болам намонд.
Агар як сари мӯй бартар парам,
Фурӯғи таҷалло бисӯзад парам».
Намонад ба исён касе дар гарав,
Ки дорад чунин сайиде пешрав.
Чӣ наъти писандида гӯям туро?
Алайк-ас-салом, эй набӣ-юл-варо.
Дуруди малак бар равони ту бод,
Бар асҳобу бар пайравони ту бод.
Нахустин Абӯ Бакр пири мурид,
Умар панҷабарпечи деви марид.
Хирадманд Усмони шабзиндадор,
Чаҳорум Алӣ шоҳи Дулдулсавор.
Худоё, ба ҳаққи банӣ Фотима,
Ки бар қавлам¹ имон кунам хотима.
Агар даъватам рад кунӣ в-ар қабул,
Ману дасту домони оли расул.
Чӣ кам гардад, эй садри фархундапай,
Зи қадри рафеат ба даргоҳи ҳай,
Ки бошанд муште гадоёни хайл
Ба меҳмони доруссаломат туфайл?
Худоят сано гуфту табҷил кард,
Заминбӯси қадри Ту Ҷабрил кард.³
Баланд осмон пеши қадрат хиҷил,
Ту махлуқу Одам ҳанӯз обу гил.
Ту асли вуҷуд омадӣ аз нахуст,
Дигар ҳар чӣ мавҷуд, фаръи туст.
Надонам, кадомин сухан гӯямат,
Ки волотарӣ, з-он чӣ ман гӯямат.
Туро иззи лӯлоки тамкин бас аст,
Санои Ту «Тоҳо»-ву «Ёсин» бас аст.
Чӣ васфат кунад Саъдии нотамом?
Алайк-ас-салот, эй Набӣ-юс-салом!