Лофи сарпанҷагию даъвии мардӣ бигузор

Лофи сарпанҷагию даъвии мардӣ бигузор,
Оҷизи нафси фурӯмоя чӣ марде, чӣ зане?

Гарат аз даст барояд, даҳане ширин кун,
Мардӣ он нест, ки муште бизанӣ бар даҳане!

Гарат худ бардарад пешонии пил,
На мард аст он, ки дар вай мардумӣ нест.

Банӣ одам сиришт аз хок дорад,
Агар хокӣ набошад, одамӣ нест!