Пирмарде латиф дар Бағдод

Пирмарде латиф дар Бағдод,
Духтарашро ба кафшдӯзе дод.

Мардаки сангдил чунон бигазид,
Лаби духтар, ки хун аз ӯ бичакид.

Бомдодон падар чунон дидам,
Пеши домод рафту пурсидаш:

«К-эй фурӯмоя, ин чӣ дандон аст?
Чанд хойӣ лабаш, на анбон аст?»

Ба мазоҳат нагуфтам ин гуфтор.
Ҳазл бигзору ҷид аз ӯ бардор!

Хӯйи бад дар табиате, ки нишаст,
Наравад то ба вақти марг аз даст.