Саъдии Шерозӣ

Боби чаҳорум » Дар фавоиди хомӯшӣ » Ҳикояти 2

Бозаргонеро ҳазор динор хасорат афтод. Писарро гуфт:

- Набояд, ки ин сухан бо касе дар миён ниҳӣ!

Гуфт:

- Эй падар, фармон турост, нагӯям, валекин хоҳам маро ба фоидаи ин мутталиъ гардонӣ, ки маслиҳати дар ниҳон доштан чист?

Гуфт:

- То мусибат ду нашавад: яке нуқсони мояву дигар шамотати ҳамсоя,

Магӯй андуҳи хеш бо душманон,
Ки «лоҳавл» гӯянд шодикунон.