Ҳофизи Шерозӣ

71. Зоҳиди зоҳирпараст аз ҳоли мо огоҳ нест

Зоҳиди зоҳирпараст аз ҳоли мо огоҳ нест,
Дар ҳақи мо ҳар чӣ гӯяд, ҷойи ҳеҷ икроҳ нест.

Дар тариқат ҳар чӣ пеши солик ояд, хайри ӯст,
Дар сироти мустақим, эй дил, касе гумроҳ нест.

То чӣ бозӣ рух намояд, байдақе хоҳем ронд,
Арсаи шатранҷи риндонро маҷоли шоҳ нест.

Чист ин сақфи баланди содаи бисёрнақш?
З-ин муаммо ҳеҷ доно дар ҷаҳон огоҳ нест.

Соҳиби девони мо, гӯйӣ, намедонад ҳисоб,
К-андар ин туғро нишони ҳасбатан лиллоҳ нест.

Ҳар кӣ хоҳад, гӯ, биёву ҳар чӣ хоҳад, гӯ, бигӯ,
Кибру нозу ҳоҷибу дарбон бад-ин даргоҳ нест.

Бар дари майхона рафтан кори якрангон бувад,
Худфурӯшонро ба кӯйи майфурӯшон роҳ нест.

Ҳар чӣ ҳаст, аз қомати носози беандоми мост,
Варна ташрифи ту бар болои кас кӯтоҳ нест.

Бандаи пири хароботам, ки лутфаш доим аст,
Варна лутфи шайху зоҳид гоҳ ҳасту гоҳ нест.

Ҳофиз ар бар садр наншинад, зи олимашрабист,
Ошиқи дурдикаш андар банди молу ҷоҳ нест.