Ҷолинус аблаҳеро дид, даст дар гиребони донишманде зада ва беҳурматӣ ҳамекард. Гуфт:
- Агар ин доно будӣ, кори вай бо нодон бад-ин ҷо нарасидӣ.
Ду оқилро набошад кину пайкор,
На доное ситезад бо сабукбор.
Агар нодон ба ваҳшат сахт гӯяд,
Хирадмандаш ба нармӣ дил биҷӯяд.
Ду соҳибдил нигаҳ доранд мӯе,
Ҳамедун саркаше в-озармҷӯе
В-агар бар ҳар ду ҷониб ҷоҳилонанд,
Агар занҷир бошад, бигсалонанд,
* * *
Якеро зиштхӯе дод дашном.
Таҳаммул карду гуфт: «Эй некфарҷом.
Батар з-онам ки хоҳӣ гуфтан, онӣ,
Ки донам, айби ман чун ман надонӣ.»