Ман он мӯрам, ки дар поям бимоланд

Ман он мӯрам, ки дар поям бимоланд,
На занбӯрам, ки аз дастам биноланд.
Куҷо худшукри ин неъмат гузорам,
Ки зӯри мардумозорӣ надорам.

Мазмун: Ман он мӯрчаи нотавонам, ки гоҳе зери пойи ину он мемонам, занбур нестам, ки ба касе неш занаму онҳо аз неши ман дар нолаю фарёд бошанд. Оё метавонам шукри неъмати Худованд кунам, ки зӯри мардумозорӣ надорам?