Саъдии Шерозӣ

Боби чаҳорум » Дар фавоиди хомӯшӣ » Ҳикояти 10

Яке аз шуаро пеши амири дуздон рафт ва саное бар ӯ бигуфт. Фармуд, то ҷома аз ӯ баркананд ва аз деҳ бадар кунанд. Мискин бараҳна ба сармо ҳамерафт, сагон дар қафои вай афтоданд. Хост, то санге бардораду сагонро дафъ кунад, дар замин ях гирифта буд, оҷиз шуд. Гуфт:

- Ин чӣ ҳаромзода мардумонанд, сангро баставу сагро кушодаанд!

Амир аз ғурфа бидид, бишунид ва бихандиду гуфт.

- Эй ҳаким, аз ман чизе бихоҳ!

Гуфт:

Ҷомаи худ мехоҳам, агар инъом фармоӣ!

Разийно мин наволика би-р-раҳил - яъне аз атои ту ба кӯч карданат хурсандем.

Умедвор бувад одамӣ ба хайри касон,
Маро ба хайри ту уммед нест, шар марасон!

Солори дуздонро бар ӯ раҳмат омад ва ҷома бозпас фармуд ва кабопустине бар ӯ мазид карду дираме чанд.