GUFTOR
САЪДӢ ҲОФИЗ
САЪДӢ ҲОФИЗ
Саъдии Шерозӣ Мадҳи Абӯбакр бинни Саъд бинни Зангӣ

Маро табъ аз ин навъ хоҳон набуд,
Сари мидҳати подшоҳон набуд.

Вале назм кардам ба номи фалон,
Магар боз гӯянд соҳибдилон,

Ки Саъдӣ, ки гӯи балоғат рабуд,
Дар айёми Бӯбакр бин Саъд буд.

Сазад гар ба давраш бинозад,1 чунон
Ки сайид ба даврони Нӯшинравон.

Ҷаҳонбони динпарвари додгар,
Наёмад2 чу Бӯбакр баъд аз Умар.

Сари сарфарозону тоҷи меҳон,
Ба даврони адлаш биноз, эй ҷаҳон!

Гар аз фитна ояд касе дар паноҳ,
Надорад3 ҷуз ин кишвар оромгоҳ.

Надидам чунин ганҷу мулку сарир,
Ки вақф аст бар тифлу дарвешу пир.

Наёмад бараш дардноки ғаме,
Ки нанҳод бар хотираш марҳаме.

Талабгори хайр аст уммедвор,
Худоё, умеде, ки дорад, барор.

Кулаҳгӯша бар осмони барин,
Ҳанӯз аз тавозӯъ сараш бар замин.

Гадо гар тавозӯъ кунад, хӯи ӯст,
Зи гарданфарозон тавозӯъ накӯст.4

Агар зердасте бияфтад, чӣ хост?5
Забардаст афтода марди худост.

На зикри ҷамилаш ниҳон меравад,
Ки сити карам дар ҷаҳон меравад.

Чун ӯе хирадманду фаррухнажод
Надорад ҷаҳон, то ҷаҳон аст ёд,

Набинӣ дар айёми ӯ ранҷае,
Ки нолад зи бедоди сарпанҷае.

Кас ин расму тартибу оин надид,
Фаредун або он шукӯҳ он6 надид.

Аз он пеши ҳақ пойгоҳаш қавист,
Ки дасти заифон ба ҷоҳаш қавист.

Чунон соя густурда бар оламе,
Ки золе наяндешад аз Рустаме.

Ҳама вақт мардум зи ҷаври замон
Биноланду аз1 гардиши осмон,

Дар айёми адли ту, эй шаҳриёр,
Надорад шикоят кас аз рӯзгор.

Ба адли ту мебинам ороми халқ,
Пас аз ту надонам саранҷоми халқ.

Ҳам аз бахти фархундафарҷоми туст,
Ки таърихи Саъдӣ дар айёми туст,

Ки то дар фалак моҳу хуршед ҳаст,
Дар ин дафтарат зикри ҷовид ҳаст.

Мулук ар накуномӣ андӯхтанд,
Зи пешинагон сират омӯхтанд.

Ту дар сирати подшоҳии хеш
Сабақ бурдӣ аз подшоҳони пеш.

Сикандар ба девори рӯину санг
Бикард аз ҷаҳон роҳи яъҷуҷ танг.

Туро садди яъҷуҷи куфр аз зар аст,
На рӯин чу девори Искандар аст.

Забоноваре, к-андар ин амну дод
Сипосат нагӯяд, забонаш мабод.

Зиҳӣ, баҳри бахшоишу кони ҷуд,
Ки мустаҳзаранд аз вуҷудат вуҷуд.

Бурун бинам авсофи шоҳ аз ҳисоб,
Нагунҷад дар ин танг майдон китоб.

Гар он ҷумларо Саъдӣ иншо кунад,
Магар дафтаре дигар имло кунад.

Фурӯ мондам аз шукри чандин карам,
Ҳамон беҳ, ки дасти дуо густурам.

Ҷаҳонат ба кому фалак ёр бод,
Ҷаҳонофаринат нигаҳдор бод.

Баланд ахтарат олам афрӯхта,
Завол ахтари душманат сӯхта.

Ғам аз гардиши рӯзгорат мабод
В-аз андеша бар дил ғуборат мабод

Ки бар хотири подшоҳон ғаме
Парешон кунад хотири оламе.

Дилу кишварат ҷамъу маъмур бод,
Зи мулкат парокандагӣ дур бод.

Танат бод пайваста чун дин дуруст,
Бадандешро дил тадбир суст.

Дарунат ба таъйиди ҳақ шод бод,
Дилу дину иқлимат обод бод.

Ҷаҳонофарин бар ту раҳмат кунод.
Дигар ҳар чӣ гӯям, фасон (а)асту бод.

Ҳаминат бас аз кирдигори маҷид,
Ки тавфиқи хайрат бувад бар мазид.

Нарафт аз ҷаҳон Саъди Зангӣ ба дард,
Ки чун ту халаф номбардор кард.

Аҷаб нест ин фаръ аз асли пок,
Ки ҷонаш бар авҷ асту1 ҷисмаш ба хок.

Худоё, бар он турбати номдор
Ба фазлат, ки номдори раҳмат бибор.

Гар аз Саъди Зангӣ масал монду ёд,
Фалак ёри Саъд Абӯбакр2 бод.

Саъдии Шерозӣ Мадҳи Саъд бинни Абибакр бинни Саъд
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Гулистон (164)
Саъдии Шерозӣ Ҳаким Низомии Ганҷавӣ. Лайлӣ ва Маҷнун (20)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Ғазалиёт (495)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Рубоиёт (42)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Ғазалиёт (637)
Саъдии Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Баҳористон (2)
Саъдии Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт (450)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Бӯстон (5)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қитаот (34)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қасоид (3)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Маснавиёт (2)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Аз Гулистон (326)
© 2020 СОМОНАИ ГУФТОР