Саъдии Шерозӣ

Мадҳи Саъд бинни Абибакр бинни Саъд

Атобак Муҳаммад шаҳи некбахт,
Худованди тоҷу худованди тахт.

Ҷавону ҷавонбахту равшанзамир,
Ба давлат ҷавону ба тадбир пир.

Ба дониш бузургу ба ҳиммат баланд,
Ба бозу далеру ба дил ҳушманд.

Зиҳӣ давлати модари рӯзгор,
Ки рӯде чунин парварад дар канор.

Ба дасти карам оби дарё бибурд,
Ба рифъат маҳалли Сурайё бибурд.

Зиҳӣ, чашми давлат ба рӯи ту боз,
Сари шаҳриёрони гарданфароз.

Садафро, ки бинӣ зи дурдона пур,
На он қадр дорад, ки якдона дур.

Ту он дурри макнуни якдонаӣ,
Ки пирояи салтанатхонаӣ.

Нигаҳ дор, ё раб, ба чашми худаш,
Бипарҳез аз осеби чашми бадаш.

Худоё дар офоқ номӣ кунаш,
Ба тавфиқи тоат киромӣ кунаш.

Муқимаш дар инсофу тақво бидор.
Муродаш ба дунёву ақбо барор.

Ғам аз душмани нописандаш1 мабод,
В-аз андеша бар дил газандаш2 мабод.

Биҳиштӣ дарахт оварад чун ту бор,
Писар номҷӯю падар номдор.

Аз он хонадон хайр бегона дон,
Ки бошанд бадхоҳи3 ин хонадон.

Зиҳӣ дину дониш, зиҳӣ адлу дод,
Зиҳӣ мулку давлат, ки поянда бод.

Нагунҷад карамҳои ҳақ дар қиёс,
Чӣ хидмат гузорад забони сипос.4

Худоё, ту ин шоҳи дарвешдӯст,
Ки осоиши халқ дар зилли ӯст.

Басе бар сари халқ поянда дор,5
Ба тавфиқи тоат дилаш зинда дор.

Барӯманд дораш дарахти умед,
Сараш сабзу рӯяш ба раҳмат сафед.

Ба роҳи такаллуф марав, Саъдиё,
Агар сидқ дорӣ, биёру биё.

Ту манзилшиносию шаҳ роҳрав,
Ту ҳақгӯву хусрав ҳақоиқшунав.

Чӣ ҳоҷат, ки нӯҳ курсии осмон,1
Ниҳӣ зери пои Қизил Арслон.

Магӯ, пои иззат бар афлок неҳ,
Бигӯ, рӯи ихлос бар хок неҳ.

Ба тоат бинеҳ чеҳра бар остон,
Ки ин аст саҷҷоддаи ростон.

Агар бандаӣ, сар ба ин дар бинеҳ,
Кулоҳи худовандӣ аз сар бинеҳ.

Ба даргоҳи фармондеҳи зулҷалол
Чу дарвеш пеши тавонгар бинол.2

Чу тоат кунӣ, лубси шоҳӣ мапӯш,
Чу дарвеши мухлис баровар хурӯш,

Ки парвардигоро, тавонгар туӣ,
Тавонову дарвешпарвар туӣ.

На кишвархудоям, на фармондеҳам,
Яке аз гадоёни ин даргаҳам.

Ту бар хайру некӣ деҳам дастрас,
Вагарна чӣ хайр ояд аз ман ба кас?

Дуо кун ба шаб чун гадоён ба сӯз,
Агар мекунӣ подшоҳи ба рӯз.

Камар баста гарданкашон бар дарат,
Ту бар остини ибодат сарат.

Зиҳӣ бандагонро худовандгор,
Худовандро бандаи ҳақгузор.

Ҳикоят кунанд аз бузургони дин,1
Ҳақиқатшиносони ай-ул-яқин,

Ки соҳибдиле бар паланге нишаст,
Ҳаме ронд раҳвору море ба даст.

Яке гуфташ: эй марди роҳи Худой,
Бад2-ин раҳ, ки рафтӣ, маро раҳ намой.

Чӣ кардӣ, ки дарранда роми ту шуд,
Нигини саодат ба номи ту шуд.

Бигуфт: ар палангам забун асту мор
В-агар пилу каргас шигифтӣ мадор.

Ту ҳам гардан аз ҳукми довар мапеч,
Ки гардан напечад зи ҳукми ту ҳеҷ.

Чу ҳоким ба фармони довар бувад,
Худояш нигаҳбону ёвар бувад.

Муҳол аст, чун дӯст дорад туро,
Ки дар дасти душман гузорад туро.

Раҳ ин аст, рӯй аз тариқат матоб,
Бинеҳ гому коме, ки дорӣ биёб.

Насиҳат касе судманд оядаш,3
Ки гуфтори Саъдӣ писанд оядаш.