Чун мард дарфитод зи ҷою мақоми хеш

Чун мард дарфитод зи ҷою мақоми хеш,
Дигар чӣ ғам хӯрад, ҳама офоқ ҷойи ӯст.
Шаб ҳар тавонгаpе ба сарое ҳамеравад,
Дарвеш, ҳар куҷо, ки шаб ояд, сарои ӯст.