Ҳар кӣ бар худ дари суол кушод

Ҳар кӣ бар худ дари суол¹ кушод,
То бимирад ниёзманд бувад.
Оз² бигзору подшоҳӣ кун,
Гардани бетамаъ баланд бувад!


¹ Суол — гадоӣ.
² Оз — тамаъ.